2-юми март, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и ДБССТ дар шаҳри Левакант бо ташаббуси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар шаҳри Левакант вохӯрӣ бо фаъолон баргузор гардид. Чорабинии мазкур ба баррасии вазъи кунунии…
2-юми март, дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и ДБССТ дар шаҳри Левакант бо ташаббуси шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар шаҳри Левакант вохӯрӣ бо фаъолон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур ба баррасии вазъи кунунии нороми ҷаҳон, таъсири равандҳои геополитикӣ ба ҷомеа ва роҳҳои пешгирии омилҳои номатлуб бахшида шуд. Зикр гардид, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳушёриву зиракии шаҳрвандон ва тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, муовини сардори шуъбаи КДАМ дар шаҳри Левакант Асадуллоев Давлатшоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо таъкид карда шуд, ки таҳкими суботу амният, пешгирии гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, мубориза бо паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва таблиғоти ғаразнок аз вазифаҳои муҳими сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон масъулин иброз доштанд, ки танҳо тавассути ҳамкории зичи мақомоти давлатӣ бо ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ метавон аз таъсири омилҳои манфии ҷаҳони муосир пешгирӣ кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дода шуд.