2-юми март, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иборат аз мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр ва бахши кор бо занон ва оила, дар маҳаллаи Обшорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва назди Муассисаи ғайридавлатии "Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ" мулоқоту суҳбатҳои фаҳмондадиҳиро тариқи усули «кӯча ба кӯча» гузарониданд.
Чорабинӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои доғи рӯз, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию фарҳангии сокинон, инчунин пешгирии хурофот ва тарғиби фарҳанги миллӣ роҳандозӣ гардид.
Аъзои гурӯҳи корӣ бо сокинон суҳбатҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ анҷом дода, вобаста ба арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба фарҳангу суннатҳои тоҷикӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқӣ тавзеҳот доданд.
Зимни суҳбатҳо таъкид гардид, ки ҳифзи фарҳанги миллӣ ва арҷгузорӣ ба либоси миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти миллӣ аз ҳар як шаҳрванди худогоҳ масъулияти баланд талаб мекунад.
Дар ин замина, ба сокинон зарурати пешгирӣ аз падидаҳои барои ҷомеа бегона ва тақвияти маърифати иҷтимоӣ шарҳ дода шуд.
Ҳамчунин, намояндагони бахши кор бо занон ва оила доир ба таҳкими нақши зан дар ҷомеа, тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии омилҳои номатлуб миёни ҷавонон ва баланд бардоштани масъулияти оилавӣ андешаронӣ намуданд.
Тибқи иттилоъ, чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома ёфта, ҳадафи асосии онҳо тақвияти корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандон ва таҳкими фазои солими иҷтимоӣ мебошад.