28-уми феврал, бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода дар ҳудуди ҷамоат шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани сатҳи тозагӣ, ободонӣ ва фароҳам овардани муҳити зисти солиму зебо роҳандозӣ…
28-уми феврал, бо ташаббуси раиси ҷамоати деҳоти «Гулистон» Маҳмад Хидирзода дар ҳудуди ҷамоат шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ин иқдом бо мақсади беҳтар намудани сатҳи тозагӣ, ободонӣ ва фароҳам овардани муҳити зисти солиму зебо роҳандозӣ шуд.
Дар шанбегӣ кормандони ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои ҳудуди ҷамоат, инчунин сокинони фаъол ширкат варзида, дар тоза намудани муҳити атроф саҳми арзандаи худро гузоштанд. Иштирокдорон аз даромадгоҳи ҷамоат — қабулгоҳи меҳмонон оғоз намуда, роҳи марказӣ, назди дукону мағозаҳо, кӯчаҳои аҳолинишин ва атрофи хонаҳои истиқоматиро аз партовҳо ва ҷуйборҳоро аз лоиқа тоза карданд.
Ҳамзамон, партовҳои ҷамъоваришуда бароварда ва ба ҷойҳои махсус интиқол дода шуданд. Корҳои поксозӣ бо рӯҳияи ҳамдилӣ ва масъулиятшиносӣ анҷом ёфта, симои ҷамоатро боз ҳам зеботар намуд.
Тавре зикр гардид, баргузории чунин шанбегиҳо дар ҷамоати деҳоти «Гулистон» ба ҳукми анъана даромада, минбаъд низ бо ҷалби фаъоли сокинон идома хоҳад ёфт. Мақсад аз ин иқдомҳо баланд бардоштани маърифати экологӣ, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва нигоҳдории муҳити тозаву озода мебошад.
Сокинон изҳори умедворӣ намуданд, ки чунин ташаббусҳо минбаъд низ идома ёфта, ба рушди инфрасохтор ва ободонии ҳарчи бештари маҳал мусоидат хоҳанд кард.