28-уми феврал, дар Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК-и Левакант даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид. Чорабинӣ бо мақсади эҳё ва рушди фарҳанги миллии хонаводагӣ, тарғиби таомҳои миллӣ ва муосир, инчунин баланд бардоштани маҳорати кадбонугии занону бонувон доир карда шуд.
Дар озмун иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Иброҳимова Наргис, роҳбари Маркази дастгирии «Бонувон»-и шаҳр Зебо Баротова ва дигар масъулин ҳамчун раёсат ва аъзоёни озмун иштирок намуда, ба ҳунару маҳорати иштирокчиён баҳои баланд доданд. Аз миёни довталабон беҳтаринҳо муайян гардида, барои иштирок дар даврҳои минбаъдаи озмун пешбарӣ шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026, №АПТ-952 ва банди 16, зербанди 2-и Нақшаи амал барои солҳои 2024–2026 дар доираи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024–2028», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2024, №136 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад.
Ҳадафи асосии озмун ҷалби доираи васеи занону бонувони шаҳраку деҳоти шаҳр, кормандони ташкилоту муассисаҳо ба эҳё ва омода намудани таомҳои миллию муосир, дарёфти кадбонуҳои беҳтарин, инчунин омода намудани ҷавондухтарон ҳамчун кадбону ва ҳунарманд мебошад.
Бояд гуфт, ки баргузории чунин озмунҳо ба таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва рушди фарҳанги солими оиладорӣ мусоидат намуда, барои дарёфти чеҳраҳои намунавӣ дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.