26-уми феврал, дар шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ҷаласаи Ситоди даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони ҷамоатҳои…
26-уми феврал, дар шаҳри Левакант таҳти роҳбарии раиси Комиссияи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон ҷаласаи Ситоди даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулини сохторҳои марбута ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.
Зимни баргузории ситод масъалаҳои омодагӣ ба маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Баротзода Шарифхон таъкид дошт, ки иҷрои босифат ва саривақтии нақшаи даъват яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ба шумор рафта, ҳамоҳангии зичро миёни ҷамоатҳо, комиссариати ҳарбӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро тақозо менамояд.
Қайд гардид, ки бо дарназардошти таҷрибаи солҳои гузашта, шаҳри Левакант ҳамасола аз зумраи аввалинҳоест, ки нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзҳои нахустин иҷро менамояд. Аз ин рӯ, масъулин вазифадор шуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро миёни ҷавонон ва волидайн тақвият бахшида, ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии шаҳрвандон тадбирҳои муассир андешанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодасозии ҳуҷҷатҳо, дақиқсозии рӯйхати даъватшавандагон, назорати вазъи саломатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои гусели тантанавии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси ситод изҳори боварӣ намуд, ки бо кӯшишу талошҳои дастаҷамъонаи фаъолон ва масъулин, шаҳри Левакант чун анъана дар рӯзи аввали сафарбарӣ нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбиро пурра ва бо сифати баланд иҷро хоҳад кард.