Тибқи нақшаи кории Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар Ташкилоти ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати…
Тибқи нақшаи кории Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант, дар Ташкилоти ибтидоии собиқадорони соҳаи тандурустии шаҳр маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ-интихоботӣ доир гардид. Дар кори маҷлис муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон — Ҳамидов Абдураҳим ва раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант — Султонов Ҳикматулло иштирок намуданд.
Зимни баргузории маҷлис масъалаҳои фаъолияти ташкилот дар давраи ҳисоботӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисоботи роҳбарият шунида шуд. Қайд гардид, ки дар ин муддат ҷиҳати ҳифзи манфиатҳо ва беҳбуди шароити иҷтимоии собиқадорон, расонидани кӯмакҳои моддию маънавӣ, инчунин ҷалби онҳо ба чорабиниҳои ватандӯстона ва маърифатӣ як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд.
Иштирокдорон ба фаъолияти ташкилот баҳои мусбат дода, ҳамзамон барои боз ҳам тақвият бахшидани корҳо, густариши ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва ҷалби насли ҷавон ба арҷгузорӣ ба арзишҳои ватандӯстӣ пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.
Дар қисмати интихоботии маҷлис масъалаи интихоби ҳайати нави роҳбарияти ташкилот баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Ҳамчунин, чунин маҷлисҳои ҷамъбастии ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии собиқадорони ҷамоати шаҳраки «Сарбанд», ҷамоатҳои деҳоти «Ваҳдат» ва «Гулистон» низ баргузор шуданд. Дар онҳо низ натиҷаҳои фаъолияти солона мавриди таҳлил қарор гирифта, вазифаҳо барои давраи минбаъда муайян гардиданд.
Зикр гардид, ки баргузории чунин маҷлисҳо ба таҳкими фаъолияти ташкилотҳои собиқадорон, боло бурдани масъулиятшиносӣ ва боз ҳам фаъол гардонидани саҳми онҳо дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳр мусоидат менамояд.