Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тариқи усули “хона ба хона” ин навбат дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд. Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Саидқулов Манучеҳр — мудири бахши…
Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант тариқи усули “хона ба хона” ин навбат дар деҳаи Истиқлоли ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» бо сокинон суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ Саидқулов Манучеҳр — мудири бахши ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроия, Холиқов Манучеҳр — сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант, Эшова Боғигул — раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» ва дигар масъулин иштирок доштанд.
Зимни мулоқот бо сокинон масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсӣ, риояи қонунгузорӣ, таҳкими худогоҳию хештаншиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва дигар омилҳои номатлуб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ба аҳолӣ вобаста ба риояи қоидаҳои бехатарӣ, омодагӣ ба ҳолатҳои фавқуллода, пешгирии сӯхтор ва дигар офатҳои табиӣ тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд. Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон метавонад аз рух додани ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ намояд.
Мудири бахши ҳифзи иҷтимоӣ дар навбати худ оид ба дастгирии қишрҳои ниёзманди аҳолӣ, тартиби дарёфти кумакҳои иҷтимоӣ ва истифодаи мақсадноки имтиёзҳои давлатӣ маълумот дод. Зикр шуд, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад.
Раиси ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» аз сокинон даъват ба амал овард, ки дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии муҳити зист ва ҳифзи арзишҳои миллӣ фаъолона саҳм гузоранд. Қайд гардид, ки танҳо бо ҳамкории зичи мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ метавон рушди устувори маҳалро таъмин кард.
Сокинони деҳаи Истиқлол баргузории чунин вохӯриҳоро муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки мулоқоти мустақим бо масъулин барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва гирифтани маълумоти зарурӣ мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иброз медорад, ки чунин чорабиниҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ минбаъд низ дар дигар маҳаллаҳо идома ёфта, ҷиҳати таҳкими субот, баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва пешрафти ҷомеа тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.