25-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Литсейи давлатии рақамии №2 вохӯрии судманд бо волидайни хонандагон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он…
25-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар Литсейи давлатии рақамии №2 вохӯрии судманд бо волидайни хонандагон баргузор гардид. Чорабинӣ дар доираи усули «Мактаб ба мактаб» роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тақвияти ҳамкории муассисаи таълимӣ бо оила ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандон арзёбӣ мегардад.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Иброҳимова Наргис, директори Маркази ТТҲС-и шаҳр Акрамова Суман, масъулини соҳаи маориф ва дигар фаъолон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни баромадҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуда, риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳатмӣ дониста шуд. Таъкид гардид, ки иҷрои талаботи ин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ заминаи устувори рушди маънавӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, роҳ надодан ба омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ ва таълимоти ғайриқонунии динӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иштирокдорон инчунин ба масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи тозагии шахсӣ ва муҳити зист таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин оид ба пешгирии пӯшидани либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ибрози андеша карда шуд. Қайд гардид, ки танҳо дар ҳамбастагии мактаб ва оила метавон насли босавод, худогоҳ ва масъулиятшиносро ба камол расонид.
Дар анҷоми вохӯрӣ миёни масъулин ва волидайн мубодилаи афкор сурат гирифта, ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас дода шуданд. Чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимии шаҳр низ идома хоҳанд ёфт.