21-уми феврал, дар шаҳри Левакант роҳбарият ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД) дар доираи маъракаи умумии ниҳолшинонӣ иқдоми назаррас анҷом доданд. Дар қитъаи замини вобасташуда, ки қаблан боғи кӯҳна маҳсуб меёфт, кормандони милитсия…
21-уми феврал, дар шаҳри Левакант роҳбарият ва кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ (ШВКД) дар доираи маъракаи умумии ниҳолшинонӣ иқдоми назаррас анҷом доданд.
Дар қитъаи замини вобасташуда, ки қаблан боғи кӯҳна маҳсуб меёфт, кормандони милитсия бо рӯҳияи баланди масъулиятшиносӣ ва ҳашари дастаҷамъона наздики 400 бех ниҳоли мевадиҳанда шинониданд. Ин иқдом бо мақсади эҳё ва ободонии қитъаи мазкур, инчунин саҳмгузорӣ дар ҳифзи муҳити зист амалӣ гардид.
Зимни баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ сардори ШВКД дар шаҳри Левакант-Назарзода Хуршед зикр намуд, ки ниҳолшинонӣ танҳо як чорабинии мавсимӣ набуда, балки амали ватандӯстона ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Бо эҳёи боғи кӯҳна ва ба гардиши нав ворид намудани он, кормандон тасмим доранд дар оянда низ корҳои ободониву сабзкориро идома диҳанд.
Ба иттилои масъулин, баъди шинонидани ниҳолҳо нигоҳубини мунтазам, обёрӣ ва ҳифзи онҳо таъмин карда мешавад, то ки дар солҳои наздик ин мавзеъ ба боғи сарсабзу пурсамар табдил ёбад.
Ин ташаббус намунаи ҳамбастагӣ ва саҳмгузории кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар корҳои созандагиву ободонии шаҳр арзёбӣ гардида, бори дигар нишон медиҳад, ки онҳо на танҳо дар таъмини тартиботу амният, балки дар пешрафту зебоии муҳити зист низ нақши фаъол доранд.