21-уми феврал, дар гулгашти Парчами миллӣ дар шаҳри Левакант бо ташаббуси муассисаи давлатии мактаби варзишӣ машқи пагоҳирӯзӣ ва тренкур баргузор гардид. Дар чорабинии варзишӣ роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар баробари…
21-уми феврал, дар гулгашти Парчами миллӣ дар шаҳри Левакант бо ташаббуси муассисаи давлатии мактаби варзишӣ машқи пагоҳирӯзӣ ва тренкур баргузор гардид.
Дар чорабинии варзишӣ роҳбарони ташкилоту корхонаҳои шаҳр фаъолона иштирок намуда, дар баробари мураббиён ва варзишгарон машқҳои гуногуни ҷисмонӣ анҷом доданд. Барномаи машқ аз ҳаракатҳои сабук барои гармкунии бадан оғоз гардида, сипас бо дави сабук дар масири муайяншудаи гулгашт идома ёфт. Иштирокдорон инчунин машқҳои махсуси тренкурро, ки барои таҳкими саломатӣ ва баланд бардоштани қобилияти ҷисмонӣ мусоидат мекунанд, иҷро намуданд.
Ташкили чунин чорабиниҳо ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди фарҳанги варзиш ва ҷалби бештари аҳолӣ ба машқу тамрин мусоидат менамояд. Масъулин таъкид доштанд, ки баргузории машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ минбаъд низ ба ҳукми анъана дароварда шуда, барои беҳдошти саломатии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ёдовар мешавем, ки гулгашти Парчами миллӣ яке аз мавзеъҳои зебову ободи шаҳр ба шумор рафта, ҳамарӯза барои истироҳату машқи сокинон шароити мусоид фароҳам месозад.