21 феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳотамзода Фарух дар МТМУ рақами 4-и деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо сокинон мулоқот доир намуданд.…
21 феврал, гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, бо иштироки намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ҳотамзода Фарух дар МТМУ рақами 4-и деҳаи Баҳодурони ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо сокинон мулоқот доир намуданд. Чорабинӣ дар доираи ташаббуси «Мактаб ба мактаб» баргузор гардида, зимни он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Зимни вохӯрӣ намояндагони мақомоти иҷроия нуктаҳои асосии Паёмро ба ҳозирин шарҳ дода, ба масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ, аз ҷумла рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими худшиносии миллӣ, дастгирии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба илму дониш таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи босамари дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат омили асосии пешрафти ҷомеа ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳотамзода Фарух дар суханронии худ иброз дошт, ки усули «Мактаб ба мактаб» барои тақвияти ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани масъулияти омӯзгорону волидон заминаи мусоид фароҳам меорад. Ӯ ҳамчунин аз аҳли ҷамоат даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас бетараф набошанд ва дар татбиқи сиёсати маориф саҳми фаъол гузоранд.
Дар анҷоми мулоқот сокинони деҳа оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва таълимӣ саволҳо пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас гирифтанд. Зикр гардид, ки чунин вохӯриҳо минбаъд низ дар дигар маҳаллаҳо идома ёфта, ба таҳкими робитаи мақомоти давлатӣ бо аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.