Дар моҳи мубораки Рамазон дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант иқдоми неку инсонпарварона роҳандозӣ гардид. Соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу саховатпешаи деҳа бо мақсади иҷрои амалҳои хайр ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа…
Дар моҳи мубораки Рамазон дар деҳаи Яккачинори ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант иқдоми неку инсонпарварона роҳандозӣ гардид. Соҳибкорон ва шахсони хайрхоҳу саховатпешаи деҳа бо мақсади иҷрои амалҳои хайр ва дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа 25 оилаи ниёзманд ва шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдудро аёдат намуданд.
Ташаббускорон зимни ин иқдом ба ҳар як оила маводи асосии ғизоӣ, аз ҷумла орд, равған, картошка, пиёз, биринҷ ва шакар тақдим карданд. Кумакҳои расонидашуда барои беҳтар намудани шароити рӯзгори оилаҳои ниёзманд дар айёми моҳи шарифи Рамазон мусоидат менамояд.
Тавре зикр гардид, ҳадаф аз чунин корҳои хайр эҳёи арзишҳои инсондӯстӣ, таҳкими рӯҳияи ҳамдилию ҳамраъйӣ ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ мебошад. Сокинони деҳа ин иқдоми хайрхоҳонаро шоиста арзёбӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва дастгирӣ изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки дар моҳи шарифи Рамазон анҷом додани амалҳои хайр ва кумак ба ниёзмандон яке аз суннатҳои неки ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар шаҳру навоҳии кишвар чунин иқдомҳо амалӣ мегарданд. Иқдоми соҳибкорони деҳаи Яккачинор низ намунаи равшани ҳамбастагӣ ва масъулияти иҷтимоӣ арзёбӣ мешавад.