Субҳи 19-уми феврал, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ аз рафти корҳои ободониву созандагӣ ва сохтмони иншоотҳое, ки бахшида ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудаанд, боздид ба амал овард.
Зимни боздид раиси шаҳр аз як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла биноҳои маъмуриву хизматрасонӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва майдончаҳои варзишӣ дидан намуда, бо масъулини сохтмон ва намояндагони ташкилоту идораҳои марбута суҳбат анҷом дод. Ба роҳбарони корҳо дастур дода шуд, ки сифати сохтмон, риояи меъёрҳои меъмориву шаҳрсозӣ ва муҳлатҳои муқарраршударо ҷиддан назорат намоянд.
Таъкид гардид, ки корҳои ободонӣ, аз ҷумла мумфаршкунии роҳҳо, чароғонкунии кӯчаву хиёбонҳо, сабзкорию гулкорӣ бояд бо сатҳу сифати баланд иҷро гардида, симои шаҳр боз ҳам зебову замонавӣ гардонида шавад.
Муминзода Мастура Табарӣ иброз дошт, ки ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ буда, истиқболи шоистаи он аз ҳар як сокини шаҳр масъулияти баландро талаб мекунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки тамоми корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи босифат ва ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба анҷом дода шаванд.
Ба масъулон супориш дода шуд, ки иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда дар муҳлатҳои муайян таъмин гардида, ҷараёни корҳои ободонӣ таҳти назорати доимӣ қарор дода шавад.