19-уми феврал, дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 3-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид. Дар ҳамоиши идона тарбиятгирандагон ва мураббиёни муассиса бо…
19-уми феврал, дар Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 3-и шаҳри Левакант бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона тарбиятгирандагон ва мураббиёни муассиса бо омодагии ҳамаҷониба барномаи рангини фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд. Кӯдакон бо иҷрои машқҳои ҳарбӣ, ки рамзи шуҷоату далерӣ ва омодагӣ ба ҳифзи Ватанро ифода мекард, маҳорати худро нишон доданд. Ҳамзамон, шеърҳои ватандӯстона қироат гардида, суруду таронаҳо дар васфи Ватан, сулҳу субот ва Артиши миллӣ танинандоз шуданд.
Рақсҳои ҷолибу саҳначаҳои тарбиявӣ низ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар қалби кӯдакон тақвият ёфт. Барномаи омоданамуда бо эҳсоси баланди ифтихор ба Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва арҷгузорӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулини бахши маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иштирок намуда, ба роҳбарият ва ҳайати омӯзгорони муассиса барои ташкили чунин як чорабинии пурмазмуну хотирмон изҳори сипос карданд. Қайд гардид, ки тарбияи ҳисси ватандӯстӣ аз синни кӯдакӣ заминаи муҳими камолоти маънавии насли наврас ба ҳисоб меравад.
Чорабинӣ дар фазои идона ва руҳбаландӣ анҷом ёфта, бори дигар аҳамияти тарбияи кӯдаконро дар рӯҳияи муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат нишон дод.