18-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо усули «Маҳалла ба маҳалла» бо иштироки сокинон суҳбат-вохӯрии судманд доир гардид. Дар вохӯрии мазкур муовини…
18-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар кӯчаи Лоҳутии ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» бо усули «Маҳалла ба маҳалла» бо иштироки сокинон суҳбат-вохӯрии судманд доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Олимзода Низора, масъулини ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» ва дигар фаъолону намояндагони мақомоти маҳаллӣ иштирок намуданд.
Зимни баромадҳо масъулон нуктаҳои махсуси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дода, аҳамияти татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, таҳкими суботу оромӣ, рушди иқтисоду иҷтимоиёт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва тарбияи насли ҷавонро таъкид карданд. Қайд гардид, ки амалисозии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ҳамбастагӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандон имконпазир мебошад.
Ҳамзамон, вобаста ба масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла таъмини тозагию ободонии маҳал, истифодаи самараноки неруи барқ, пешгирии қонуншиканиҳо, пешгири аз ҷиноят, омилҳои номатлуб, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии диннӣ, бегонапарастӣ, пешгири аз пӯшиши либоси ба фарҳанги миллии мо бегона, тарбияи дурусти ҷавонон ва ҷалби аҳолӣ ба корҳои созандагию бунёдкорӣ суханронӣ карда шуд. Сокинон ба саҳмгузорӣ дар ободонии кӯчаҳо, нигоҳдории инфрасохтор ва таҳкими ҳамкории ҷомеа бо мақомоти маҳаллӣ даъват карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ сокинон доир ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ намуда, пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Масъулон таъкид карданд, ки чунин мулоқотҳо бо усули «маҳалла ба маҳалла» минбаъд низ идома ёфта, барои ҳалли саривақтии мушкилоти мардум ва таҳкими робитаи мустақим бо аҳолӣ мусоидат хоҳанд кард.