17-уми феврал, раиси шаҳри Левакант — Муминзода Мастура Табарӣ бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни корҳои саҳроӣ ва омодагии кишоварзон ба мавсими нави киштукор аз хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти "Гулистон", аз ҷумла хоҷагии деҳқонии «Бустон» боздид ба амал овард.
Зимни сафар раиси шаҳр бо рафти кишти зироатҳои барвақтӣ, аз ҷумла картошка ва пиёз шинос шуда, бо масъулини соҳаи кишоварзӣ, роҳбарон ва саҳмдорони хоҷагиҳо суҳбати озоду самимӣ анҷом дод. Зикр гардид, ки имсол кишоварзон бо истифода аз таҷрибаи пешқадам ва тухмиҳои хушсифат талош доранд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро афзоиш дода, бозори дохилиро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоянд.
Масъулин иттилоъ доданд, ки барои кишти саривақтӣ заминҳо омода гардида, бо истифода аз техникаи кишоварзӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ корҳои кишт босуръат идома доранд. Ҳамзамон, масъалаҳои таъмини оби полезӣ, нуриҳои минералӣ ва мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд.
Муминзода Мастура Табарӣ ба масъулон ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин, зиёд намудани майдони кишти зироатҳои ниёзи аввал ва риояи муҳлатҳои агротехникӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки таъмини амнияти озуқаворӣ ва фаровонии бозор яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Дар фарҷом раиси шаҳр ба фаъолияти кишоварзон баҳои мусбат дода, изҳори боварӣ намуд, ки бо заҳмати софдилонаи онҳо ҳаҷми истеҳсоли картошкаву пиёз дар мавсими ҷорӣ афзоиш ёфта, сатҳи таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ беҳтар хоҳад гардид.