16-уми феврал масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант дар деҳаи Шоҳони ҳудуди ҷамоат бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии сокинон,…
16-уми феврал масъулини ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-и шаҳри Левакант дар деҳаи Шоҳони ҳудуди ҷамоат бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд. Ҳадаф аз баргузории ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву иҷтимоии сокинон, ташвиқи истифодаи оқилонаи неруи барқ, самаранок ба роҳ мондани истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ, инчунин пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар омилҳои номатлуб арзёбӣ мегардад.
Зимни мулоқот бо сокинон намояндагони ҷамоат вобаста ба сарфакорона истифода бурдани қувваи барқ, махсусан дар мавсими зимистон, таъкид намуда, иброз доштанд, ки истифодаи дурусту мақсадноки неруи барқ ба таъмини устувори аҳолӣ бо барқ мусоидат менамояд. Ҳамзамон, ба шаҳрвандон тавсия дода шуд, ки аз васоити барқии каммасраф истифода бурда, аз исрофкорӣ худдорӣ намоянд.
Дар идома масъулин оид ба истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ суҳбат ороста, сокинонро ба зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили гармхонаҳо, захираи маводи ғизоӣ ва истифодаи ҳар як ваҷаб замин ҳидоят карданд. Қайд гардид, ки истифодаи оқилонаи замин метавонад дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбуди сатҳи зиндагии мардум нақши муҳим бозад.
Ҳамчунин, зимни вохӯриҳо масъалаҳои пешгирии ҷиноят ва қонуншиканиҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба сокинон зарурати риояи қонун, баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ, назорати тарбияи фарзандон ва пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ шарҳ дода шуд.
Дар фарҷом масъулини ҷамоат сокинони деҳаи Шоҳонро ба корҳои ободонию созандагӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳал, саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори деҳа ва таҳкими ҳамбастагии ҷомеа даъват намуданд.
Чунин тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ бо усули «хона ба хона» дар дигар маҳаллаҳои ҷамоат низ идома ёфта, ба баланд бардоштани маърифати иҷтимоӣ ва таҳкими суботу оромӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.