16-уми феврал, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 1-и шаҳр боздид намуда, бо шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон аз наздик шинос гардид. Зимни боздид раиси шаҳр пеш аз ҳама ба ҷойи…
16-уми феврал, раиси шаҳри Левакант Муминзода Мастура Табарӣ аз Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 1-и шаҳр боздид намуда, бо шароити таълиму тарбия ва нигоҳубини кӯдакон аз наздик шинос гардид.
Зимни боздид раиси шаҳр пеш аз ҳама ба ҷойи хоби гурӯҳҳои синнусолӣ, имконияти истироҳату фароғати кӯдакон, ҳолати ошхона, амбори захираи маҳсулоти ғизоӣ ва дигар шароиту имкониятҳои муассиса таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки фароҳам овардани муҳити солим, бехатар ва мутобиқ ба талаботи санитариву гигиенӣ барои рушди ҷисмониву маънавии кӯдакон аҳамияти муҳим дорад.
Муминзода Мастура Табарӣ бо масъулини муассиса суҳбат анҷом дода, онҳоро вазифадор намуд, ки ба масъалаи тозагии гирду атроф, ҳолати рахти хоб, ашёҳои истифодашаванда, сифати омода намудани ғизо ва нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ диққати ҷиддӣ диҳанд. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва таъмин намудани шароити мусоид барои таълиму тарбия бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад.
Ҳамчунин, ба масъулин дастур дода шуд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити будубоши кӯдакон, ғанӣ гардонидани заминаи моддиву техникӣ ва истифодаи усулҳои муосири таълиму тарбия чораҳои мушаххас андешанд.
Раиси шаҳр иброз дошт, ки рушди соҳаи маориф, бахусус зинаи томактабӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, назорати фаъолияти муассисаҳои таълимӣ мунтазам идома хоҳад ёфт.