16-уми феврал, дар шаҳри Левакант гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо сокинони кӯчаи Боқӣ Раҳимзодаи ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» вохӯрӣ гузарониданд.
Чорабинӣ тариқи усули «маҳалла ба маҳалла» роҳандозӣ гардида, ҳадафи он тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баррасии масъалаҳои муҳими рӯз буд.
Дар вохӯрӣ муовини раиси шаҳр Баротзода Шарифхон, раиси ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» Султонов Фарух, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроия Иброҳимова Наргис, директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Абдуллоев Файзиддин ва дигар фаъолону масъулон иштирок доштанд.
Зимни суҳбат бо сокинон чанд нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат барои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҳкими суботу оромӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамзамон, масъулон сокинонро ба вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуданд. Зикр шуд, ки саҳми ҳар як шаҳрванд дар тозагиву ободии маҳалла, кӯча, нигоҳдории инфрасохтор ва муҳити зисти худ муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар рафти вохӯрӣ инчунин масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ, омилҳои номатлуби иҷтимоӣ, экстремизм ва терроризм, хурофотпарастӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ ва бегонапарастӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Масъулон таъкид карданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, яке аз роҳҳои муҳими муқовимат ба чунин падидаҳои хатарнок мебошад.
Гуфта шуд, ки ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи шаҳрвандии ҳар як ҷавонмарди ватандӯст буда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мояи ифтихор ва мактаби ҷасорату мардонагист.
Дар фарҷоми вохӯрӣ сокинон андеша ва пешниҳодҳои худро иброз дошта, барои ҳамкории судманд бо мақомоти иҷроия ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мавҷуда изҳори омодагӣ намуданд. Чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаҳои шаҳр низ идома хоҳанд ёфт.