Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мегардад, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳри Левакант байни…
Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 23-юми феврал таҷлил мегардад, бо ташаббуси Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр ва Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳри Левакант байни ҳамаи ихтисосҳои Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ» мусобиқаи футболи хурд баргузор карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа таҳкими рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва гиромидошти хизмату ҷонфидоиҳои афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.
Дар рафти мусобиқа дастаҳои футболи ихтисосҳои муассиса байни ҳам қувваозмоӣ намуда, беҳтаринҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Дар бозии финалӣ ду дастаи ихтисоси фарматсевтӣ бо ҳам сабқат карда, бозии ҷолибу диданӣ нишон доданд. Дар натиҷаи рақобати шадид яке аз дастаҳо пирӯз гардида, сазовори ҷойи аввал шуд.
Дар даври финалӣ директори Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳр Абдуллоев Файзиддин, директори Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Колеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ»-и шаҳри Левакант Эмомов Ҳусейн ва дигар масъулин иштирок намуда, ба рафти бозӣ баҳои баланд доданд. Зикр гардид, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ барои тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар фарҷом ғолибон бо Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо минбаъд низ ба ҳукми анъана даромада, ба рушди варзиш ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷавонон мусоидат хоҳад кард.