Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант барои ишғоли 12 мансаби холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ
ШАҲРИ ЛЕВАКАНТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ
МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ
ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД.
ДАСТГОҲИ РАИСИ ШАҲР
- Мутахссиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимои ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр -1 ҷой, маоши мансаби – 1862,60 сомонӣ
МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР;
- Мутахассиси пешбари бахши бойгонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр - 1 ҷой, маоши мансаби – 1862,60 сомонӣ
ВОҲИДҲОИ СОХТОРИИ
МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАКУ ДЕҲОТ;
- Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» -1 ҷой, маоши мансаби – 2071,10 сомонӣ,
- Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз ва кишоварз)-и Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»-1 ҷой, маоши мансаби -2071,10 сомонӣ ,
- Сармутахассис оид ба соҳаи омор дар Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд»- 1 ҷой, маоши мансаби - 2071,10 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи сохтмонӣ Ҷамоати шаҳраки «Сарбанд» -1 ҷой, маоши мансаби -1695,80 сомонӣ
- Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз ва кишоварз)-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат»-1 ҷой, маоши мансаби -2071,10 сомонӣ,
- Мутахассиси пешбар нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» -1 ҷой, маоши мансаби - 1695,80 сомонӣ,
- Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти «Гулистон» -1 ҷой, маоши мансаби – 2071,10 сомонӣ ,
10.Сармутахассиси (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти «Гулистон» - 1 ҷой, маоши мансаби - 2071,10 сомонӣ ,
- Мутахассиси пешбари рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар Ҷамоати деҳоти “Гулистон” -1 ҷой, маоши мансаби - 1695,80 сомонӣ
- Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии бақайдгирии Ҷамоати деҳоти «Гулистон»-1 ҷой, маоши мансаби - 1695,80 сомонӣ
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
- маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ;
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани як забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад),
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ;
- кор карда тавонистан бо компютер,
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар:
- маълумоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани як забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад),
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ;
- кор карда тавонистан бо компютер,
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
- маълумоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самаранокии вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад ;
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ;
- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ (донистани як забони хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад),
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ ;
- кор карда тавонистан бо компютер,
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони раиси шаҳр,
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо,
- 2 дона акси андозаи 3х4 ва 2 дона акси андозаи 4х6,
- тарҷумаи ҳол (хаттӣ);
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли № 038);
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк; (эъломия)
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ (СИН);
- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:
шаҳри Левакант, кўчаи Носири Хусрав 23, бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Левакан, телефон барои тамос: 8(3250) 6-15-73
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рўз аз рўзи нашри якуми эълон дар бораи гузаронидани озмун.
Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансаби барои собиқаи хизмати давлатӣ ба андозаи муқарраргадида пардохт карда мешаванд.