14-уми феврал, тибқи нақша-чорабиниҳои Муассисаи давлатии мактаби варзишии шаҳри Левакант дар толори варзишии Муассисаи давлатии таълимии ЛКСК Леваканти ДБССТ мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди валейбол баргузор гардид. Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ роҳандозӣ шуда, миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ ва касбии шаҳр доир карда шуд.
Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа муовини раиси шаҳри Левакант Баротзода Шарифхон, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Левакант Султонов Ҳикматулло, раиси Ташкилоти “Сипарони Ватан” Бароталиев Сафар ва дигар масъулини шаҳр иштирок намуда, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ табрик гуфтанд. Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки варзиш воситаи муҳими тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷасорату матонат ва омодагӣ ба ҳифзи марзу буми Ватан мебошад.
Мусобиқа дар фазои рақобати солим ва рӯҳияи баланди варзишӣ баргузор гардида, дастаҳо маҳорати хуби техникӣ ва ҳамкории дастҷамъонаро нишон доданд. Дар натиҷаи бозиҳои ҷолибу шиддатнок, донишҷӯёни Донишкадаи байналмилалии Леваканти ДБССТ бо нишон додани бозии беҳтарин ва бартарии бештар сазовори ҷойи аввал гардиданд.
Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон бо Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд. Ташкилкунандагон изҳор доштанд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба рушди варзиш миёни ҷавонон ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд.
Мусобиқа бо рӯҳияи болида ва эҳсоси ифтихор аз хизматҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷамъбаст гардид.