11-уми феврал, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади ободонӣ, тозагии муҳити зист ва вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ роҳандозӣ шуда,…
11-уми феврал, дар шаҳри Левакант тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Чорабинии мазкур бо мақсади ободонӣ, тозагии муҳити зист ва вусъат бахшидани корҳои кабудизоркунӣ роҳандозӣ шуда, дар он кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои шаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд.
Ҳашар асосан дар шафати шоҳроҳи Левакант–Бохтар доир гардида, иштирокчиён ба тоза намудани гирду атрофи роҳ, ҷамъоварии партовҳо, ҳамворсозии қитъаҳои замин ва омода намудани онҳо барои ниҳолшинонӣ машғул шуданд. Бо истифода аз техника ва таҷҳизоти зарурӣ корҳои поккорӣ ва ободонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.
Тибқи иттилои масъулин, чунин иқдомҳо ба хотири беҳтар намудани симои шаҳр, фароҳам овардани муҳити солим ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон ба корҳои ҷамъиятӣ мунтазам баргузор мегарданд. Омода намудани замин барои шинонидани ниҳолҳои сояафкану ороишӣ аз ҳадафҳои асосии ин ҳашар ба шумор рафта, дар рӯзҳои наздик маъракаи ниҳолшинонӣ низ ба роҳ монда мешавад.
Сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо бо рӯҳияи баланд ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар ҳашар ширкат варзида, саҳми худро дар ободонии шаҳр гузоштанд. Чунин ташаббусҳо барои зебову назаррабо гардидани Левакант ва таҳкими фарҳанги шаҳрнишинӣ мусоидат менамоянд.