Гарчанде аз ҷониби мутахассисони соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма, суҳбату вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба бемории ВНМО мунтазам маълумот пешниҳод карда мешавад, то ҳол миёни ҷомеа баъзе овозаҳо ва андешаҳои нодуруст ҷой доранд. Ин ҳолат…
Гарчанде аз ҷониби мутахассисони соҳа тавассути воситаҳои ахбори омма, суҳбату вохӯриҳо ва семинарҳои омӯзишӣ оид ба бемории ВНМО мунтазам маълумот пешниҳод карда мешавад, то ҳол миёни ҷомеа баъзе овозаҳо ва андешаҳои нодуруст ҷой доранд. Ин ҳолат аз он шаҳодат медиҳад, ки дар бораи роҳҳои сироят, пешгирӣ ва ҳуқуқҳои шахсони бо ВНМО зиндагикунанда фаҳмиши комил вуҷуд надорад.
Овозаҳои беасос ва маълумоти барғалат боиси пайдо шудани тарсу нофаҳмӣ дар байни аҳолӣ мегарданд. Масалан, баъзан дар ҷомеа овоза паҳн мешавад, ки гӯё як шахс сабаби сироятёбии чандин нафар шудааст. Вале дар асл чунин хулосабарориҳо асоси воқеӣ надоранд.
Ҳақиқат он аст, ки муайян намудани ҳолатҳои сироятёбӣ танҳо аз ҷониби мутахассисони Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО анҷом дода мешавад. Тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълумоти марбут ба ташхис махфӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ миёни аҳолӣ паҳн карда намешавад.
Андешаи нодурусти дигар ба роҳҳои сироятёбӣ вобаста аст. Баъзеҳо гумон мекунанд, ки ВНМО тавассути хӯрокхӯрӣ, салом додан, нафаскашӣ ё муоширати оддӣ мегузарад. Ин ақида тамоман ғалат аст. ВНМО танҳо аз се роҳи асосӣ сироят мекунад:
тавассути хун;
тавассути алоқаи ҷинсӣ;
аз модар ба кӯдак (ҳангоми ҳомиладорӣ, таваллуд ва ширмаконӣ).
Мутаассифона, бемории ВНМО дар баъзе мавридҳо миёни ҷомеа ҳамчун «тамғаи номус» қабул мешавад. Бархе аз шаҳрвандон нисбати шахсони сироятёфта назари манфӣ доранд, зеро гумон мекунанд, ки сироят танҳо бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба амал меояд. Дар ҳоле ки на ҳамаи шахсони сироятёфта бо ин роҳ сироят ёфтаанд.
Ҳамчунин, андешае вуҷуд дорад, ки гӯё ҳуқуқу озодиҳои шахсони сироятёфта маҳдуд мегардад. Аммо дар асл Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ҳимоя намуда, барои дастгирӣ ва табобати онҳо чораҳои зарурии давлатӣ ва иҷтимоиро амалӣ менамояд. Шахсони бо ВНМО зиндагикунанда, ба монанди дигар шаҳрвандон, ба меҳнат, таҳсил, табобат, истироҳат ва дигар ҳуқуқҳои конститутсионӣ соҳиб мебошанд.
Хулоса, овозаҳо ва маълумоти беасос оид ба бемории ВНМО, ки миёни мардум паҳн мешаванд, асоси воқеӣ надоранд. Пешгирӣ ва аз байн бурдани чунин андешаҳои нодуруст танҳо тавассути таблиғи маълумоти дурусту саҳеҳ имконпазир аст. Дар ин самт Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО нақши калидӣ дорад.
Одинаев Беҳруз-директори МД Маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО дар шаҳри Левакант