5-уми феврал, дар доираи нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд…
5-уми феврал, дар доираи нақша-чорабиниҳои тарбиявӣ бо мақсади бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва боло бурдани сатҳи маърифатнокии ҷавонону наврасон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и шаҳри Левакант вохӯрии судманд миёни собиқадорони ҷангу меҳнат ва хонандагони зинаи сеюми таҳсилот баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант-Маҳмад Хидирзода, раиси Ташкилоти собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Султонов Ҳикматулло, собиқадорони ҷангу меҳнат Мастов Абдулҳаким ва Исмонқуллов Абдуҷалол, инчунин раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Сипарони Ватан» дар шаҳри Левакант Бароталиев Сафар иштирок намуда, бо хонандагон суҳбати тарбиявӣ анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ меҳмонон доир ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба калонсолон ва нақши ҷавонон дар пешрафти давлату ҷомеа ибрози назар намуданд. Таъкид гардид, ки тарбияи дурусти насли наврас дар руҳияи миллӣ ва ахлоқӣ омили асосии рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Собиқадорон бо такя ба таҷрибаи ҳаётӣ ва фаъолияти кории худ мисолҳои ибратбахш оварда, ҷавононро ба омӯзиши амиқи илму дониш, азхуд намудани касбу ҳунар ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ даъват намуданд. Зикр шуд, ки маҳз насли босавод, худогоҳ ва ватандӯст метавонад дар ободии Ватан саҳми арзанда гузорад.
Дар фарҷом хонандагон ба меҳмонон барои суҳбатҳои пурмуҳтаво изҳори сипос намуда, чунин вохӯриҳоро барои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва рӯҳияи шаҳрвандии худ хеле муҳим арзёбӣ карданд.