5-уми феврал, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ бо интихобкунандагони худ — сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант тибқи усули «хона ба хона» вохӯрӣ гузаронд. Зимни мулоқот вакил аз ҳолу…
5-уми феврал, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант Адолати Маҳмадалӣ бо интихобкунандагони худ — сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и шаҳри Левакант тибқи усули «хона ба хона» вохӯрӣ гузаронд.
Зимни мулоқот вакил аз ҳолу аҳвол ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии сокинон пурсон шуда, ба мушкилоту пешниҳодҳои онҳо таваҷҷуҳ зоҳир кард. Таъкид гардид, ки чунин мулоқотҳои мустақим ба таҳкими робитаи вакил бо интихобкунандагон ва ҳалли саривақтии масъалаҳои мавҷуда мусоидат менамояд.
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинон ба фаъолона иштирок намудан дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуданд.
Ҳамчунин Адолати Маҳмадалӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таълиму тарбияи насли наврас, ҷалби ҷавонон ба китобхонӣ ва илмомузӣ, тарғиби мутолиаи «Шоҳнома», тарбияи ҳисси худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ андешаҳои судманд баён намуд.
Илова бар ин, ба сокинон оид ба сарфакорона истифода бурдани неруи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои кишоварзӣ, рӯёнидани ду-се ҳосил аз як қитъаи замин ва саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Дар фарҷом сокинон аз таваҷҷуҳ ва мулоқоти бевоситаи вакил изҳори қаноатмандӣ намуда, чунин вохӯриҳоро барои беҳбудии зиндагии аҳолӣ ва пешрафти маҳал муҳим арзёбӣ карданд.