eDavlat
Государственные символы
RU
TJ
RU
EN
Государственные органы
Загрузка…
Онлайн-чат
Открыть меню
RU
TJ
RU
EN
РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК!
More
РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК!
Главная
Агентство лесного хозяйства при Правительстве Республики Таджикистан
23 февраля 2026
РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК!
Бо камоли эҳтиром ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ Шуморо аз номи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дастовардҳои назаррасу мондагор орзу менамоем. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ зодаи даврони истиқлол буда, яке аз дастовардҳои арзишманди давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳимояи истиқлолу соҳибихтиёрии давлат, таъмини тамомияти арзӣ, ҳифзи сулҳу субот, амният ва оромии ҷомеаро бо масъулияти баланд ба уҳда гирифта, дар иҷрои он садоқат, шуҷоат ва матонати намунавӣ нишон додаанд. Маҳз бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан дар кишвар заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам гардида, пояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳким ёфтанд. Қобили таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву молиявии давраи гузариш, ҷиҳати ташаккул ва таҳкими инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин намудани онҳо бо техника ва таҷҳизоти муосир, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои пайгирона андешида, ин равандро бо маром идома медиҳад. Яке аз ҳадафҳои муҳими ин ҷашни фархунда таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бахусус миёни ҷавонон мебошад. Таҷлили ин санаи таърихӣ имконият фароҳам меорад, ки насли наврас ба қадри истиқлолу озодӣ расида, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар тарбия ёбад. Ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи садоқат ба Ватан, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва нишони омодагии ҳамешагӣ барои ҳимояи манфиатҳои олии давлату миллат мебошад. Бори дигар Шуморо ба ин муносибати фараҳбахш табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯҳияи матин ва комёбиҳои пайваста дар фаъолияти пуршарафатон таманно дорем.
Бо камоли эҳтиром ва эҳсоси баланди ифтихори миллӣ Шуморо аз номи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саломатии бардавом, саодати рӯзгор ва дар иҷрои вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дастовардҳои назаррасу мондагор орзу менамоем.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатӣ зодаи даврони истиқлол буда, яке аз дастовардҳои арзишманди давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб мераванд. Аз рӯзҳои нахустини таъсисёбӣ хизматчиёни ҳарбӣ вазифаи муқаддасу пуршарафи ҳимояи истиқлолу соҳибихтиёрии давлат, таъмини тамомияти арзӣ, ҳифзи сулҳу субот, амният ва оромии ҷомеаро бо масъулияти баланд ба уҳда гирифта, дар иҷрои он садоқат, шуҷоат ва матонати намунавӣ нишон додаанд.
Маҳз бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони содиқи Ватан дар кишвар заминаҳои устувори сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ фароҳам гардида, пояҳои давлатдории навини тоҷикон таҳким ёфтанд.
Қобили таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ, сарфи назар аз мушкилоти иқтисодиву молиявии давраи гузариш, ҷиҳати ташаккул ва таҳкими инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин намудани онҳо бо техника ва таҷҳизоти муосир, инчунин фароҳам овардани шароити мусоиди хизмат ва зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои пайгирона андешида, ин равандро бо маром идома медиҳад.
Яке аз ҳадафҳои муҳими ин ҷашни фархунда таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, бахусус миёни ҷавонон мебошад. Таҷлили ин санаи таърихӣ имконият фароҳам меорад, ки насли наврас ба қадри истиқлолу озодӣ расида, бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва омодагӣ барои ҳифзи марзу буми кишвар тарбия ёбад.
Ҷашни Қувваҳои Мусаллаҳ рамзи садоқат ба Ватан, ифтихор аз давлатдории миллӣ ва нишони омодагии ҳамешагӣ барои ҳимояи манфиатҳои олии давлату миллат мебошад.
Бори дигар Шуморо ба ин муносибати фараҳбахш табрик гуфта, бароятон тандурустии комил, рӯҳияи матин ва комёбиҳои пайваста дар фаъолияти пуршарафатон таманно дорем.
Единый портал государственных услуг
Правительство Республики Таджикистан
Президент Республики Таджикистан
Министерство сельского хозяйства Республики Таджикистан
Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан