Ҳамватанони азиз!
Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишварамонро ба муносибати ҷашни бостонӣ, миллӣ ва пурифтихори Сада бо эҳтироми хоса ва самимияти баланд табрик менамояд.
Ҷашни Сада ҳамчун рамзи нур ва гармӣ, эҳёи табиат ва оғози омодагӣ ба фасли баҳори пурбаракат, аз фарҳанги ғанӣ ва таърихи куҳанбунёди миллати тоҷик сарчашма мегирад. Ин ҷашни ниёгон моро ба дӯст доштани табиат, ҳифзи сарватҳои табиӣ ва таҳкими масъулият дар нигоҳдории муҳити зист раҳнамоӣ мекунад.
Бо таманнои сулҳу оромӣ, саломатии бардавом, рӯзгори ободу осуда ва комёбиҳои рӯзафзун дар фаъолияти меҳнатӣ, орзумандем, ки гармии Ҷашни Сада дар қалбҳои Шумо ҳамеша фурӯзон ва зиндагиятонро пур аз умеду шодмонӣ гардонад.
Ҷашни Сада муборак бод!