Дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд бо Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимиён К. ва котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хатлон капитани адлия…
Дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон вохӯрии судманд бо Судяи суди ҳарбии гарнизони Хатлон подполковники адлия Ҳакимиён К. ва котиби маҷлиси судии суди ҳарбии гарнизони Хатлон капитани адлия Назарзода Ш. вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, зӯровари дар оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ, бекоршавии ақди никоҳи хизматчиёни ҳарбӣ, солим нигоҳ доштани оилаҳо, моҳияти моддаи 391-и кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирӣ намудани ҷавонон ҷиҳати шомил шудан ба ҳар гуна равияҳои экстремистӣ ва террористӣ суханрони намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Раёсат, сардорони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи марказии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон фаъолона иштирок намуда, миёни иштирокчиён сӯҳбати озоду судманд доир гардид