5 октябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, боридани борон ва дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр барф пешбинӣ мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо боришот шиддат мегирад.
Дар аксари ноҳияҳои водию доманакӯҳӣ пастшавии ҳарорати ҳаво пешбинӣ гардида, эҳтимоли вазиши шамол бо суръати 15–20 м/с ва дар ноҳияҳои алоҳида то 20–25 м/с вуҷуд дорад.
Рӯзи 4 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии вилояти Суғд, инчунин рӯзҳои 5–6 октябр дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳию кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани зуҳуроти сел пешбинӣ мешавад.
Аз нимаи дуюми рӯзи 4 октябр то 6 октябр дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе, бинобар таъсири омилҳои метеорологӣ ва воридшавии чангу ғубор аз самтҳои ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ, баланд шудани сатҳи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз ҳисоби зарраҳои муаллақ (чанг) бо андозаи 10 мкм (PM10) ва 2,5 мкм (PM2,5) дар назар аст.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар чунин шароити обу ҳаво чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.