ХАБАРИ ФАВРӢ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар пайи корҳои ҷустуҷӯии руи обӣ ва зери обӣ санаи 26 июни соли 2026 Наҷотдиҳандагони Кумита ҷасади як нафар ҷинси мардро дарёфт карданд.
Дарёфти ҷасади санаи 25 июни соли 2026 ки аз дарё бароварда шуд, мувофиқи таҳлили мутахассисон ронандаи Раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ хоҳиш менамоем, ки то муайян гардидани ташхис аз ҳар гуна иттиллои бардурӯғ худдорӣ кунед.
Айни ҳол сохторҳои дахлдор барои муайян намудани шахсият тадбирҳо меандешанд.
Ёдовар мегардем, ки бо мақсади гузаронидани корҳои ҷустуҷӯии рӯи обӣ ва зери обӣ тамоми тадбирҳоро амали карда мешавад ва техникаву таҷҳизотҳои истифода бурдашуда истодааст.
Бо мақсади дарёфти ҷасадҳое, ки дар пайи ҳодисаи нохуш ба дарё сарозер гардидаанд, дар ин минтақа беш аз 200 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Раёсати Кумита дар ВМКБ, Минтақаи Кӯлоб, Раёсати таиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ наҷотдиҳии Кумита, дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.
Корҳои ҷустуҷӯии аз мавзеи ҳодиса идома дошта, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.