Ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ густариш ёфта, дар ин замина ҷиҳати таҳкими фаъолият бо шарикони рушд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда…
Ҳамкориҳои байналмилалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмону ташкилотҳои байналмилалӣ густариш ёфта, дар ин замина ҷиҳати таҳкими фаъолият бо шарикони рушд тадбирҳои иловагӣ амалӣ карда мешаванд.
Дар ин ҳошия Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон 1044 маҷмӯаи оилавӣ тақдим намуд.
Ҳар як маҷмӯа барои дастгирии як оилаи панҷнафара барои як моҳ тарҳрезӣ шудааст ва дорои ашёи зарурӣ аз ҷумла собун, шампун, маҳсулоти санитарӣ, сачоқҳо ва либоси тагпуши кӯдакона мебошад.
Ёдовар мегардем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, бо усули сохтани манзилҳои нави истиқоматии дорои тамоми шароитҳо ва расонидани кӯмакҳои гуногун тадбирҳо андешида, ин кумакҳо ҳамчун тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардидаанд.