Дар асоси бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кудакон ва наврасон дар соли 2026 аз ҷониби масъулини Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ва Бахши Раёсат дар шаҳри Хуҷанд, санаи 15 июни соли 2026 дар ҳудуди обутобгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Боғи фарҳангию фароғатии “Наврузгоҳ” бо истироҳаткунандагон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва ба инобат гирифтани талаботҳои бехатарӣ аксия оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ ба шаҳрвандоне, ки дар ҳудуди обутобгоҳи шаҳри Хуҷанд ва Боғи мазкур машғули шиноварӣ буданд, варақаҳои таблиғотӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд омода гардидааст, дастрас карда шуд.
Новобаста аз таъкидҳои масъулини Раёсат дар рафти гузаронидани чорабинии мазкур мушоҳида гардид, ки бархе шаҳрвандон дар маконҳои барои оббозӣ хатарноки ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Наврузгоҳ ба оббозӣ машғул буданд. Бинобар ин ба онҳо тавсия дода шуд, ки дар ҷои бехатар машғули шиноварӣ гарданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки дар ҳудуди шиногоҳи шаҳр аз ҳисоби наҷотдиҳандагон навбатдорӣ ба роҳ монда шудааст, бинобар ин шаҳрандонро зарур аст, тибқи тавсияҳои додашудаи онҳо амал намоянд.
Раёсати Кумита дар вилоят аз падару модарон хоҳиш менамояд, ки фарзандони худро дар таътили тобистона беназорат нагузоранд, зеро як лаҳзаи бетаваҷҷуҳӣ метавонад ба оқибатҳои нохуш оварда расонад.
Ҳаёти худ ва наздиконро зери хатар нагузоред.