Аз ҷониби масъулини Шуъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент дар асоси Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2026, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Панҷакент рӯзи 05 майи соли 2026 тасдиқ карда шудааст, санаи 10 июни соли 2026 дар “Кўли Ҷавонон” , воқеъ дар маҳаллаи Азизобод ва кӯли “Чашма” воқеъ дар машҳаллаи Вашани шаҳри Панҷакент, ки бештари аҳолӣ дар мавзеъҳои мазкур машғули истироҳат мешаванд, аксия оид ба риоя намудани қоидаҳои шиноварӣ ташкил ва гузаронида шуда варақаҳои таблиғотӣ оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ (брашурка) дастраси аҳолӣ гардонида шуд.
Дар дигар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Панҷакент ташкили чунин вохӯриҳо идома дорад.