Имрӯз бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тадбирҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ доир гардид.
Дар ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Синои пойтахт, муовини Раиси ноҳияи Сино, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, маорифи шаҳр ва бахши ҷавонони пойтахт иштирок доштанд.
Гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ бо намоиши филми кӯтоҳ оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ оғоз гардида, бо тақсимоти шиору овезаҳо идома ёфт.
Ёдовар мегардем, ки чунин тадбирҳо аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад. Маълумоти бештар ба https://khf.tj/sos/ ворид шавед.