9 июни соли 2026 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи занон таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди ҷомеа» баргузор гардид.
Дар ҷаласа нахуст сардори Раёсати мудофиаи гражданӣ полковник Мирмаҳмадзода Манучеҳр баромад намуда, масъалаҳои марбут ба саҳми занон дар пешбурди сиёсати давлатӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки занон ҳамчун неруи созанда дар рушду пешрафти давлат нақши муҳим дошта, барои татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Ҳамчунин, дар рафти ҷаласа фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ оид ба таъсис додани Шӯрои занон қироат гардида, ҳадаф ва вазифаҳои асосии он ба иштирокдорон шарҳ дода шуданд.
Зикр гардид, ки таъсиси Шӯрои занон ба таҳкими нақши занон дар сохторҳои Кумита, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, рушди иқтидори касбӣ ва густариши фаъолияти ҷамъиятии бонувон мусоидат хоҳад намуд.