3-юми июн дар шаҳри Левакант бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши ғарқшавӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, дар соҳили дарёи Вахш ва ҷойҳои барои оббозӣ хавфнок корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардиданд.
Дар чорабинии мазкур мутахассиси бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Левакант Саидзода Фатҳиддин ва котиби Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант Маҳмудзода Исроил иштирок намуда, бо ҷавонону наврасон суҳбатҳои мақсаднок анҷом доданд.
Зимни баргузории вохӯрӣ ба иштирокчиён қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ, хатарҳои шиноварӣ дар ҷойҳои манъшуда ва оқибатҳои беэҳтиётӣ дар назди обанборҳо шарҳ дода шуданд. Масъулин таъкид намуданд, ки аксари ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ва оббозӣ дар минтақаҳои барои шиноварӣ номувофиқ ба амал меоянд.
Ҳамчунин, ба ҷавонону наврасон тавсия дода шуд, ки бе ҳамроҳии калонсолон ба соҳили дарёҳо нараванд, дар ҷойҳои барои оббозӣ иҷозатдодашуда шиноварӣ намоянд ва ҳангоми истироҳат дар назди обанборҳо эҳтиёткор бошанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ ба шаҳрвандон ва наврасон иттиловарақаҳои махсус оид ба риояи қоидаҳои бехатарӣ дар назди обанборҳо тақсим карда шуданд. Ин маводҳо маълумоти муфидро дар бораи роҳҳои пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ва амалҳои зарурӣ дар ҳолатҳои фавқулода дар бар мегирифтанд.
Масъулин зикр намуданд, ки чунин корҳои фаҳмондадиҳӣ дар давраи фасли тобистон мунтазам идома ёфта, ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, бахусус кӯдакон ва наврасон, равона карда мешаванд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант аз падару модарон ва шаҳрвандон даъват ба амал меорад, ки ба бехатарии фарзандон диққати ҷиддӣ дода, барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.