Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 3 то 5 июни соли 2026 бинобар боришоти пешбинишуда дар баъзе минтақаҳои Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли ба амал омадани селҳои хусусияти маҳаллӣ дошта вуҷуд дорад.
Ҳамзамон, дар натиҷаи боришот дар дарёҳои Исфара, Зарафшон, Обихингоб, Вахш, Панҷ, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
КҲФ ба аҳолӣ тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ, соҳилҳои дарёҳо ва дигар мавзеъҳои хавфнок эҳтиёткор бошанд, аз истироҳат ва чаронидани чорво дар наздикии маҷрои дарёҳо худдорӣ намуда, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти фавқулодда шаҳрвандон метавонанд ба рақами ягонаи КҲФ 112 муроҷиат намоянд. Ҳамчунин, барои дарёфти огоҳиҳои фаврӣ ва иттилооти муҳим истифодаи замимаи мобилии SOS тавсия дода мешавад https://khf.tj/sos/
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ.