Вилояти Суғд
ноҳияи Ашт (сел)
Дар натиҷаи боришоти тӯлонӣ ва фаромадани сел дар деҳаи Аппони ҷамоати деҳоти Ошобаи Боло обу лойқа ба 36 таҳхонаи иншоотҳои ёрирасони сокинон ворид гардида, ба соҳибмулкон зарари моддӣ расонд.
Корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодиса бо иштироки комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода, хадамотҳои маҳаллӣ ва аҳолӣ идома доранд.
шаҳри Панҷакент (сел)
Дар як қатор маҳалҳои шаҳр селоба фаромада, ба хонаҳои истиқоматӣ, роҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, низоми обрасонӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.
Дар натиҷаи офати табиӣ 26 хонаи истиқоматӣ пурра, 1 хона қисман, 34 иншооти ёрирасон, 2000 метр роҳ, 13,2 км шабакаҳои обёрӣ, хатҳои интиқоли барқ, хатти оби нӯшокӣ ва 70 гектар заминҳои кишоварзӣ зарар диданд.
Ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Панҷакент–Айнӣ муваққатан қатъ гардида, баъдан пурра барқарор карда шуд.
Барои бартарафсозии оқибатҳои офат техникаҳои муҳандисии ҶДММ «КЕМ Зарафшон», ҶДММ «БРОТЕК», ҶДММ «ДАР 2015», МНДРА-и шаҳр, ИДБЗО-и шаҳр ва шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҷалб гардиданд.
Ҳамчунин кормандони Раёсати Кумита дар вилояти Суғд, хадамотҳои роҳдорӣ, энергетикҳо ва сокинони маҳаллӣ корҳои барқарорсозиро идома дода истодаанд.
ноҳияи Айнӣ (фаромадани санг)
Дар деҳаи Пиёни ҷамоати деҳоти Фондарё санги калон ба 1 иншооти ёрирасон зарар расонид.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
шаҳри Душанбе
ноҳияҳои И. Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур (шамоли сахт)
Дар натиҷаи шамоли сахт дар ноҳияҳои шаҳр дарахтон шикаста, болопӯши биноҳои баландошёна қисман зарар диданд.
Дар ноҳияи И. Сомонӣ 5 дарахт, 5 болопӯши бино ва фасади бинои Хадамоти алоқа зарар дид.
Дар ноҳияи Сино 8 дарахт, 3 болопӯши бино ва 3 автомашинаи сабукрав зарар диданд.
Дар ноҳияи Фирдавсӣ 3 дарахт, 4 болопӯши бино, инчунин болопӯши Маркази таълимӣ ва қисми ҳарбии КДАМ зарар дид.
Дар ноҳияи Шоҳмансур 6 дарахт шикаст.
Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, хадамотҳои коммуналӣ, энергетикҳо ва дигар сохторҳои дахлдор сафарбар гардида, корҳои тозакунӣ ва барқарорсозиро анҷом доданд.
Талафоти ҷонӣ ва ҷароҳатбардорӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
шаҳри Ҳисор (шамоли сахт)
Шамоли сахт ба дарахтон, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои ёрирасон, хатҳои интиқоли барқ ва симчубҳо зарар расонид.
Кормандони шабакаҳои барқ, хадамотҳои коммуналӣ, сокинони маҳаллӣ ва воҳидҳои КҲФ корҳои барқарорсозиро идома дода истодаанд.
ноҳияи Рӯдакӣ (шамоли сахт)
Шамоли сахт ба биноҳо, дарахтон ва хатҳои интиқоли барқ зарар расонид.
Кормандони КҲФ, хадамотҳои энергетикӣ, мақомоти маҳаллӣ ва сокинон корҳои бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаро идома медиҳанд.
шаҳри Ваҳдат (шамоли сахт)
Шамоли сахт болопӯши 4 бинои баландошёнаро канда, ҳаракати нақлиётро дар шоҳроҳи Ваҳдат–Кӯлоб муваққатан маҳдуд намуд.
Бо ҷалби техникаи муҳандисӣ, кормандони шабакаҳои барқ, мақомоти маҳаллӣ ва воҳидҳои КҲФ ҳаракати нақлиёт пурра барқарор карда шуд.
шаҳри Ваҳдат (сел)
Дар деҳаи Даханаи ҷамоати деҳоти Ромит сел фаромада, автомашинаи тамғаи “Hyundai Elantra”-ро ба дарёи Кофарниҳон бурд.
Илова бар ин 5 автомашина дар лойқа банд монданд, 2 симчӯби барқӣ зарар диданд, 2 сар чорвои калони шохдор талаф ёфт ва шоҳроҳи Ваҳдат–Ромит муваққатан баста шуд.
Кормандони КҲФ, хадамотҳои роҳдорӣ ва мақомоти маҳаллӣ бо истифода аз техникаи муҳандисӣ ҳаракати нақлиётро барқарор намуданд.
НТҶ
ноҳияи Сангвор (сел)
Дар натиҷаи боришоти зиёд роҳи автомобилгард муваққатан баста шуд.
Техникаи муҳандисии МНДРА-и ноҳия ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ҳаракати нақлиёт пурра барқарор карда шуд.
Сарчашма: МИҲБ КҲФ ҶТ