Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 26–28 май дар натиҷаи боришоти шадид ва ноустувории обу ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар эҳтимоли ба амал омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ вуҷуд дорад.
Хатари омадани селҳо бештар дар минтақаҳои зерин пешбинӣ мешавад:
🔹 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
🔹 вилояти Хатлон;
🔹 вилояти Суғд;
🔹 қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Дар ин давра эҳтимоли болоравии сатҳи оби дарёҳои хурд, ҷорӣ шудани сел, сангрезӣ ва мушкил гардидани ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ вуҷуд дорад.
🚨 Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ хоҳиш менамояд:
▪️ аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ ва соҳили дарёҳо худдорӣ намоянд;
▪️ ҳангоми боронҳои шадид чораҳои эҳтиётиро риоя кунанд;
▪️ воситаҳои нақлиётро дар ҷойҳои бехатар нигоҳ доранд;
▪️ ба кӯдакон назорати ҷиддӣ баранд;