Дар асоси банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳатии тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2026 аз ҷониби ҳайати шахсии Шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Бобоҷон…
Дар асоси банди 7-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ дар мавсими оббозӣ ва ташкили истироҳатии тобистонаи кӯдакону наврасон дар соли 2026 аз ҷониби ҳайати шахсии Шуъбаи Раёсати Кумита дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи таҳсилоти мийнаи умумии №57-и ҷамоати деҳоти Исфисор бо 410 нафар, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров бо 150 нафар, дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ҷамоати Ҳ. Усмонов бо 300 нафар, дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Б. Ғафуров бо 350 нафар, дар умум бо 1210-нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимии мазкур пеш аз таътили тобистона, ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ вохуриҳои мухталиф ташкил ва гузаронида шуд.
Дар рафти вохурӣ ба иштирокчиён оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ, ба оббозӣ машғул нагардидан дар мавзеъҳои хавфнок, ки лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шудааст, тартиби хабардоркунии намояндагони Шуъбаи Раёсат дар ноҳия ҳангоми мушоҳида намудани ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар кулу дарёҳо тавсияҳо дода шуд.