Рӯзҳои 6-ум то 8 майи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Раёсат машғулиятҳои омӯзиши доир ба самти ҳолатҳои фавқулода ва муаррифии дастурамалҳо дар бораи тартиби муайян кардани ҳаҷми зарар бар асари офатҳои табиӣ ва тартиби баргузории ҷаласаҳои Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва тартиби бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА гузаронида шуд.
Дар чорабинии мазкур сардорони шуъбаҳо ва бахшҳои Раёсати Кумита дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант, ноҳияҳои Панҷ, Кӯшониён, Хуросон ва шахсони мутасадии дастгоҳи марказии Раёсат фаъолона иштирок намуданд.