Дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуданд. Фурӯравии замин дар ноҳияи Ёвон Субҳи 3 май, тахминан соати 04:30, дар деҳаи 8-марти ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон…
Дар натиҷаи боришоти шадиди борон дар як қатор минтақаҳои кишвар ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шуданд.
Фурӯравии замин дар ноҳияи Ёвон
Субҳи 3 май, тахминан соати 04:30, дар деҳаи 8-марти ҷамоати деҳоти Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон фурӯравии замин ба амал омад.
Дар натиҷа таҳхонаи 1 хонаи истиқоматӣ пурра фурӯ рафта, анбори нигоҳдории ангишти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 зарар дид. Ҳамзамон, 9 хонаи истиқоматӣ ва 1 бунгоҳи тиббӣ зери хатари фурӯравӣ қарор доранд.