Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттилоъ медиҳад:
Дар рӯзҳои 1–4 майи соли 2026 бинобар боришот дар минтақаҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ:
— Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ
— вилояти Хатлон
хатари ба амал омадани селҳои маҳаллӣ пешбинӣ мегардад.
Ҳамзамон, дар рӯзҳои 1–3 май:
— шаҳри Душанбе
— минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии кишвар
— минтақаҳои шарқии ВМКБ (2–3 май)
бадшавии назарраси сифати ҳаво аз ҳисоби чангу ғубор (PM-10, PM-2.5) дар назар аст.
Нуктаи муҳим: якҷояшавии боришот, шамол ва чангу ғубор сатҳи хавфро зиёд менамояд.
КҲФ тавсия медиҳад:
— аз минтақаҳои хавфнок (дараҳо, соҳили дарёҳо) дурӣ ҷӯед
— ҳангоми шамол ва боришот эҳтиёткор бошед
— вақти будубош дар ҳавои кушодро маҳдуд намоед
— воситаҳои муҳофизатии нафаскаширо истифода баред