Дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқ гардидаи бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани дар шахри Кулоб ва фармоиши сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон дар мувофиқа бо мудири шуъбаи маорифи макомоти ичроияи хокимияти давлатии шахри Кулоб моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ гузаронидани чорабиниҳои рӯзҳои мудофиаи гражданӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умуми дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба роҳ монда шуда, санаи 21-апрели соли 2026 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 шаҳри Кӯлоб рӯзи мудофиаи граждании намунавӣ дар якҷоягӣ бо шуъбаи Кумита дар шаҳри Кӯлоб, Хадамоти оташнишонӣ, Хадамоти тиббӣ дар шаҳри Кӯлоб ва намояндагони васоити ахбори омма гузаронида шуд. Дар рафти чорабинӣ аз тарафи масъулини Шуъба ва бахши Кумита дар минтақаи Кӯлоб оиди пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва ғарқшавии ҷавонону наврасон ҳангоми шиноварӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ҳамзамон намоиши техникаву таҷҳизотҳои замонавии наҷотдиҳӣ аз тарафи Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Шӯъба ба намоиш гузошта шуд.