Рӯзи 21-уми апрели соли 2026 бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши касбӣ, сайқал додани маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ оид ба тирпаронӣ, обутоби рўҳию ҷисмонии онҳо дар машқгоҳи тирандозии «Сарбанд»-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Левакант тамринҳо гузаронда шуд.
Дар ин тамринҳо хизматчиёни ҳарбии Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон ва воҳидҳои сохтории он дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок карданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки ин машқҳо дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №93, аз 13-апрели соли 2026 ва сардори Раёсати Кумита дар вилояти Хатлон №43 аз 18 апрели соли 2026 дар бораи ташкил ва гузаронидани тирпаронӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ роҳандозӣ шуд.