Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2026 ва Фармоиши раис, Сардори мудофиаи граждании Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз 14 апрели соли 2026, №1 “Дар бораи гузаронидани санҷиши ҳолати омодагӣ ва машқи мукаммал бо зернизомҳои ҳудудӣ ва зинавии Низоми ягонаи ноҳияи Дарвоз” санаи 21 апрели соли 2026 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ҷаласаи ситод дар ҳузури раис, Сардори мудофиаи граждании ноҳия муҳтарам Носирзода Умедҷон бо ҷалби ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳои мудофиаи гражданӣ, хадамотҳо ва зернизомҳои ҳудудӣ ва вазифавии низоми ягонаи ноҳияи Дарвоз оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.
Ситодро раиси ноҳияи Дарвоз ҳусни оғоз бахшида тамоми иштирокдорони машқро бо рӯзнома шинос намуд.
Баъдан аз тарафи роҳбари машқ – муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ полковник Файзуллозода Аскар., ба ҳайати иштирокдорон мафҳум ва моҳияти машқ фаҳмонда дода шуд. Баъди корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи миёнрав дар машқ – сардори шуъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд подполковник Шоисмат Ш., фармоиши сардори мудофиаи граждании ноҳияи Дарвоз оид ба гузаронидани машқ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охир аз тарафи раис, сардори мудофиаи граждании ноҳия ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ гузаронидани машқ супоришҳои иловагӣ дода шудаанд.