Бо мақсади фаҳмонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии солона ва супоришҳои дар ҷаласаи Шӯрои амният аз 19-уми феврали соли 2026 баёнкардаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини Сарпрокуратураи ҳарбӣ бо афсарону сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи гражданӣ вохӯрии судманд доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Сарпрокуратураи ҳарбии кишвар ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Зимни вохӯрӣ қайд шуд, ки бо шарофати сиёсати созанда, роҳбарии оқилона ва дурандешонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама соҳаҳои ҳаёт пешрафту шукуфоӣ ва рӯйдодҳои таърихӣ ба амал омаданд, ки нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.
Ҳайати роҳбарии Сарпрокуратураи ҳарбӣ ҳамзамон бо афсарону сарбозони Бригадаи посбоникунандаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия низ вохӯрии судманд доир намудан. Дар ҷараёни вохӯрии мазкур зикр карда шуд, ки дар соли 2025 дастовардҳо дар самти сохта ба истифода додани иншоотҳои ҳарбӣ хеле назаррас буда, сатҳи зиндаги аҳолӣ сол то сол беҳтар шуда, аз ҷумла музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ дар соли 2026 боз 20 фоиз зиёд карда шуд.
Дар идомаи суҳбат бо хизматчиёни ҳарбӣ аз супоришҳои дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ва мардуми кишвар иқтибосҳо оварда, таъкид шуд, ки дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир мубориза бар зидди терроризму экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вазифаи ҷонии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буда, ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд вазифаи худро дар самти ҳимояи суботу оромии ҷомеа, амнияту осоиши давлат ва мардуми Тоҷикистон бо садоқат ба давлат ва халқи кишвар таъмин намояд.
Ҳамчунин бо шароити хизмати сарбозону прапоршикҳо ва афсарон, хусусан навдаъватшавандагон аз наздик шинос шуда, талаботи қонун оинномаҳо вобаста ба моҳияти хизмати ҳарбӣ, вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он содаю фаҳмо шарҳ дода шуд.
Дар ҷараёни суҳбату вохӯрӣ хизматчиёни ҳарбӣ муваззаф карда шуданд, ки дар доираи интизом, муқаррарот ва ахлоқу шарафи ҳарбӣ фаъолият намоянд.
Дар доираи тадбирҳои амалисозии сиёсати давлатӣ ҷиҳати таҳкими қонуният ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, намояндагони мақомоти назораткунанда дар Қувваҳои Мусаллаҳ бо навдаъватшавандагони қисмҳои низомӣ вохӯриҳои судманд баргузор намуданд.
Дар қисми низомии 45005-и Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат ба сарбозони навдаъватшуда доир ба ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо, талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ ва аҳамияти риояи интизоми қатъӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Масъулин пас аз анҷоми вохӯрӣ аз шароити будубоши сарбозон дар ин қисми низомӣ боздид ба амал оварданд. Қайд гардид, ки барои сарбозон шароити муносиб фароҳам оварда шуда, ҷиҳати беҳтар намудани хизмат ва истироҳати онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Чунин як мулоқоти судманд ҳамзамон дар қисми низомии 15018-и Вазорати мудофиаи мамлакат низ баргузор гардид. Дар ин ҷо низ ба сарбозони навдаъватшуда вобаста ба риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти баланди хизматчиёни ҳарбӣ маълумоти мушаххас дода шуд. Масъулин таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба Ватан вазифаи худро содиқона иҷро намояд.
Дар ҷараёни вохӯриҳо масъулин таъкид карданд, ки назорати доимӣ аз болои шароити хизмати ҳарбӣ, риояи қонуният ва ҳифзи ҳуқуқҳои хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошта, чунин вохӯриҳо ба таври мунтазам баргузор карда мешаванд. Ин тадбирҳо ба беҳтар гардидани шароити хизмат ва тарбияи насли ҷавони ватандӯсту масъулиятшинос мусоидат хоҳанд кард.