Загрузка…
ВОХӮРИИ РОҲБАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ ВА РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ БО СОКИНОНИ ҶАМОАТУ ДЕҲОТИ ЗАРБДОР, КӮЛОБ, ЗИРАКӢ ВА ДАҲАНА Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар заминаи эълон гардидани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва ва эълони «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон омад-омади ҷашни 29-ҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ. Санаи 18 июни соли 2026 намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ муҳтарам Азим Иброҳим ва Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Пирзода Диловар суҳбату вохӯрӣ бо сокинони чор ҷамоат деҳоти шаҳр доир гардид. Дар ҷараёни суҳбатҳо оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф, ки дар рӯзи 16-уми ҳамин моҳ қабул гардид ба сокинон расонида шуд. 16 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд ва баъд аз қабули Қонун ба он имзо гузоштанд. Қабули Қонун «Дар бораи авф» ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон медиҳад, ки ислоҳ шаванд, ба назди наздикону пайвандҳои худ баргашта, ба кору фаъолияти созанда машғул шаванд. Қонуни авф ба 18038 (ҳаждаҳ ҳазору сию ҳашт) маҳкумшуда татбиқ мегардад. Аз ҷумла, аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ, аз муассисаҳои сукунатӣ ва ҷазоҳои дигари ба маҳрумӣ аз озодӣ алоқаманднабуда 11305 (ёздаҳ ҳазору сесаду панҷ) нафар озод мешавад. Муҳлати адонагардидаи ҷазои 6733 (шаш ҳазору ҳафсаду сию се) нафар кам карда мешавад. Қонун нисбат ба занон ва ноболиғон имтиёзҳои бештарро пешбинӣ мекунад. Аз 507 (панҷсаду ҳафт) нафар занон, ки адои ҷазо менамоянд, 248 (дусаду чилу ҳашт) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд ва нисбат ба 259 (дусаду панҷоҳу нуҳ) нафар муҳлати адои ҷазо кам карда мешавад. Аз 134 (яксаду сию чор) нафар ноболиғе, ки адои ҷазо менамояд, 99 (наваду нуҳ) нафар аз адои боқимондаи ҷазо озод гардида, нисбат ба 35 (сию панҷ) нафар муҳлати боқимондаи адои ҷазо кам карда мешавад. Қонун «Дар бораи авф» инчунин нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо дар пешбурди мақомоти судӣ, таҳқиқ ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мегардад. Қонун мақомоти дахлдорро вазифадор менамояд, ки иҷрои онро дар давоми ду моҳ таъмин карда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Қонун «Дар бораи авф» мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти давлатиро муваззаф месозад, ки барои ба кор таъмин намудани шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазо озодшуда, ба таҳсил фаро гирифтани ноболиғон, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони номбурда чораҷуйӣ намоянд. Ҳамзамон оиди омодагиҳо ба ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар бораи корҳои нақшаваии анҷомёфта, дар ҷараён буда ва инчун ташаббусҳои иловагӣ тариқи ҳисоботҳо шунида шуд. Аз қабили соҳаи маориф, тандурустӣ, иҷтимоиёт, дину танзим, заминдорию кишоварзӣ, аграрӣ, тиҷорату саноат, иқтисод, шуғл, роҳу нақлиёт, хизматрасониҳо, терроризму экстромизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ифротгароӣ, тарбияи дурусти наврасону ҷавонон, бегонапарастӣ, ҳуши маснуӣ ва технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, барқ, об, рушди илмҳои дақиқ дар ин замина зиёд кардани соатҳои дарсӣ ва ҷалби устодони ихтисосманд вобаста ба ин фанҳо, иштироку дастоварди хонандагон дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалии фаннӣ, матбуот ва дигар масоили ҳаётӣ дар ҳама соҳаҳо баррасӣ гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бошад, дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфид дода шуд. Қайд карда шуд, ки дар тамоми маҳалла ва ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб бо ҷалби шахсони саховатпеша, соҳибкорони маҳалӣ, мардуми заҳматкаш тариқи ҳашари дастаҷамъона корҳои ободонӣ бо маром идома дорад, ки мардум бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста саҳми худро дар пешрафт ва рушди маҳаллаи худ гузошта истодаанд. Дар ҷараёни суҳбат маълум гардид, ки дар Кӯлоб ду мактаби садамавӣ дар деҳаи Сари ҷар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26 ва деҳаи Пистамазор Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба қайд гирифта шуда, биноҳои нав бо сармоягозории Ҳукумати кишвар аллакай сохта шуда истодаанд. Барои ба кор ҷалб намудани асосан занону бонувони хонанишин дар корхонаи насоҷии “Ваҳдат текстайл” ва корхонаи дӯзандагии ҶДММ ПАХТАИ КӮЛОБ «БТК», ки асосан дар онҳо истеҳсоли ҷуроб, дастпушак ва сару либос ба роҳ монда мешавад дастуру маслиҳатҳо доданд. Оиди дастовардҳои байналмилалии 35 соли даврони Истиқлолият, яъне дар се сол панҷ маротиба эътирофи Тоҷикистон ҳамчун кишавари ором ва сулҳу суботдошта дар ҷаҳон аз ҷониби Унивеситети тадқиқотии Амрикоӣ Gallup. Ба феҳристи умумиҷаҳонии Юнеско ворид шудани ҷойҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либос, таом ва расму оинҳои миллии Кӯлоби Бостонӣ ҳамчун шаҳри қадимӣ ва тамаддунофар зикр гардид. Дар ҷамъбаст сокинон озодона фикру пешниҳодҳои худашонро баён намуда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.