
17 июня 2026
КОРҲОИ БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ ДАР КӮЧАЮ МАҲАЛҲОИ ШАҲРИ КӮЛОБ Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, дар заминаи эълон шудани соли 2026 "Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ва эълони «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони ватан» дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва нақшачорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, омад-омади ҷашни 29-ҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ ва истиқбол аз ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки тамоми кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб соҳибкорони маҳаллӣ, ашхоси саховатпешаю мардуми заҳматкаш бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳашарҳои дастаҷамъона идома дорад. Сокинони маҳаллаи Сино шабонгаҳ роҳҳои асосии маҳаллии мошингузар ва пиёдагардро тариқи ҳашар битонрезӣ карданд ва кормандони ободонии шаҳр бошанд, роҳҳои таъмирталаби мошингарди дохилилишаҳриро мунфаршу асвалтпушонӣ карда истодаанд. Инчунин атрофи роҳҳои мошингарду пиёдагард ва дохили обравҳоро тозаю озода намуда, алафҳояшро даравида истодаанд. Ҳамчунон дар ин баробар мардум бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ баҳри татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззаму хирадсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста саҳми худро дар пешрафт ва рушди маҳаллаи худ гузошта истодаанд. Чунин иқдомҳои шоиста баҳри ояндаи дурахшони Ватан дар дигар деҳаву маҳаллаҳои шаҳри Кӯлоб корҳо дар ин самт ҷараён дорад.